Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ | Забон | Муаллиф |
---|---|---|
Парвариши зироатҳои кишоварзӣ | Тоҷикӣ | Нексигол Мушовир |
ШУМО ЧИРО МЕОМӮЗЕД
__________
Дар ин дарси маҳорат Шумо дар бораи тарзи тайёр кардани маҳлул – ҷӯшобаи оҳаку сулфурӣ (ИСО- известковый серный отвар), маслиҳату тавсияҳои олимон/амалкунандагон дар бораи тарзи истифодабарии он, вақт ва миқдори истифодабрии маҳлул, инчунин бар зидди кадом зараррасонҳо истифода бурдани он маълумот мегиред.
ДАРСИ МАҲОРАТРО КӢ МЕГУЗАРОНАД
__________
Абдулло Тоҳиров – корманди илмии Филиали Пажӯҳишгоҳи боғдорӣ ва сабзавотпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи боғдорӣ.
Дарси маҳорат барои Барномаи GIZ «Доираи шароит ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ» бо дастгирии хадамоти машваратҳои кишоварзии Нексигол Мушовир дар шарикӣ бо Кооперативи Сароб ва МИҲД-и вилояти Суғд тайёр карда шудааст..
Агар саволе доред, ба ин суроға нависед mushovir@neksigol.tj.
ФАКТҲОИ МУҲИМ
__________
- Маҳлули оҳаку сулфурро бар зидди қутур, гардзанӣ, пероноспороз, пӯсиши хокистарранг ва оидиуми ангур, тортанакканаи пахта истифода мебаранд
- МОС (ИСО) пӯсти дарахтонро аз гулсангҳо ва магасҳо тоза мекунад, барои аксари зараррасонҳо ба мисли канаҳо ва трипсҳо марговар аст
- МОС баъди пошидан нафақат касалиҳоро табобат мекунад, инчунин бӯйи сулфур ҳашаротро мерамонад. Ҳосилро аз ҳуҷуми паррандаҳо ва хояндаҳо низ нигоҳ медорад
- 50 литр маҳлули тайёркардаи он барои коркарди 4 гектар токзор кофӣ аст, ки 10 маротиба арзонтар аз заҳрхимикатҳо мебошад
- Дар сурати нодуруст тайёр кардан, нигоҳ доштан ва консентратсияҳои баланди онро истифода бурдан растаниҳоро месӯзонад.
ДАРСИ МАҲОРАТ БАРОИ ШУМОСТ, АГАР
__________
![]() |
![]() |
![]() |
Шумо истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ бошед | Ба муҳити атроф ғамхорӣ мекунед | Тавсияҳои амалӣ заруранд |
Ба захираҳои табиӣ зарар нарасонда, чӣ тавр муҳофизат кардани ҳосилро аз зараррасонҳо меомӯзед | Кадом хокро мо ба фарзандонамон мерос мегузорем ва кадом обро менӯшем – аз саҳми мо дар муҳофизати муҳити зист вобаста аст | Дар бораи нозукиҳои муҳофизати биологии растаниҳо суҳбат мекунем |