Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф
Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Тоҷикӣ Нексигол Мушовир

ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД
__________

Дар ин дарси маҳорат Шумо усули тайёр кардан ва истифода бурдани моеъи бордоиро меомӯзед, аз тавсияҳои олимон дар бораи кай ва чӣ тавр истифода бурдани моеъи бордоӣ огоҳ мешавед.

ДАРСИ МАҲОРАТРО КӢ МЕГУЗАРОНАД
__________

Мавлуда Эргашева – номзади илмҳои кишоварзӣ, корманди илмии Филиали Пажӯҳишгоҳи боғдорӣ ва сабзавотпарварии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, агроном-мушовири Кооперативи «Сароб».
Дарси маҳорат барои Барномаи GIZ «Доираи шароит ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ» бо дастгирии хадамоти машваратии кишоварзии Нексигол Мушовир бо шарикии Кооперативи Сароб ва МИҲД-и вилояти Суғд тайёр карда шудааст.
Агар савол доред, ба ин суроға нависед mushovir@neksigol.tj.

ФАКТҲОИ МУҲИМ
__________

  • Маҳлули бордоӣ камзаҳр, барои ҳашароти фоиданок безарар буда, аз ҷониби фермерон барои муҳофизати боғҳо, сабзавот, полезиҳо ва дигар зироатҳо истифода бурда мешавад
  • Моеъи бордоиро дар баъзе кишварҳо ҳатто барои истифодабарӣ дар кишоварзии органикӣ, на зиёда аз 6 га купороси мис ба гектар дар як сол иҷозат додаанд
  • Моеъи дуруст тайёркардаи бордоӣ ранги кабуди осмонӣ дорад
  • 10 литр моеъи бордоии 1%-а барои ба 3 садяк (сотих) замин пошидан басанда аст
  • Барои тайёр кардани моеъи бордоии 1%-а ба мо маводи зерин даркор:
  • 100 гр купороси мис
  • 100 гр оҳаки нокушта
  • Дастакҳо
  • Тарозу
  • Элаки пластмасӣ ё дока
  • 2 зарфи калони пластикӣ
  • 2 чӯбдаста барои омехтан
  • Чанд дона мех
  • Коғази сунбода (наждак)
  • 10 л об, аз он 1 л оби гарм

ДАРСИ МАҲОРАТ БАРОИ ШУМОСТ, АГАР
__________

 

Шумо истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ бошед Ба муҳити атроф ғамхорӣ мекунед Тавсияҳои амалӣ заруранд
Ба захираҳои табиӣ зарар нарасонда, чӣ тавр муҳофизат кардани ҳосилро аз зараррасонҳо меомӯзед Кадом хокро мо ба фарзандонамон мерос мегузорем ва кадом обро менӯшем – аз саҳми мо дар муҳофизати муҳити зист вобаста аст Дар бораи нозукиҳои муҳофизати биологии растаниҳо суҳбат мекунем