Эко-фермаҳо. Назари нав ба кишоварзӣ

Агар пештар фермерҳо аз пайи техника ва нуриҳои нави дар озмоишгоҳҳо ҳосилшуда медавиданд, акнун ҳарчӣ хоҷагиҳои бештар ба принсипҳои анъанавии кишоварзӣ рӯй меоваранд. Умуман, ин ҳайратовар нест. Растаниҳо ва чорво бояд дар шароити табии худ боқӣ монанд ва дуруст ғизо хӯранд, зеро танҳо бо ҳамин минвол маҳсулоти лазиз, инчунин муфид ва бехавфро гирифтан мумкин аст.

Фермаҳо ва хоҷагиҳои ба асли заминдорӣ ва чорвопарварӣ рӯй оварда бо ифтихор ба номашон ҳиссачаи «эко»-ро мечаспонанд. Дар эко-фермаҳо истифодаи пеститсидҳо, гербитсидҳо, нуриҳои химиявӣ ва иловаҳои гуногуни синтетикӣ манъ аст. Аммо шарт нест, ки эко-хоҷагӣ танҳо ба парвариши меваю сабзавоти маъмулӣ машғул бошад. Ҳар як эко-ферма хосияти худро дорад, аммо ҳамаашро бо навбати худ мегӯем.

Eco-Frontiers Ranch (Полша)

Ин эко-ферма соли 1999 таъсис шудааст. Зану шавҳар-олимон Агнешка ва Анҷей қарор доданд, ки бо табиат наздик бошанд ва як маҳаллаи худмухтори пурра экологӣ бунёд кунанд, ки дар мувофиқат бо муҳити атроф дар шароити роҳат зиндагӣ кунанд. Дар ин ҷо барои равшанидиҳии ферма батареяҳои офтобӣ, ду генератори бодӣ ва генератори биодизелӣ истифода бурда мешавад. Бухории ҳезумӣ хонаро гарм мекунад, оби равон ба воситаи растаниҳои софкунанда поккорӣ мешавад.

Ängavallen (Шветсия)

Дар як шаҳраки хурди шведӣ эко-фермаи Ängavallen – муассисаи оилавӣ ҷойгир шудааст, ки меҳмонхона, мағозаи маҳсулоти деҳқонӣ, тарабхона дорад. Тарабхона дар кишвар яке аз беҳтаринҳо дониста мешавад. Дар ин хоҷагӣ ҷолиб он аст, ки ҳатто ҷузъи хурдтарини он аз маводи тозаи экологӣ сохта шудааст.Хиштаҳои меҳмонхонаҳо, рӯкашҳои бистару болин, лавозимоти ҳаммом – ин рӯйхатро беохир давом додан мумкин аст.

Ferme de la Bintinais (Франсия)

Дар Бретани, минтақаи шимолӣ-ғарбии Франсия эко-фермаи камназире ҳаст. Онро Ferme de la Bintinais меноманд. Хусусияти фарқкунандаи хоҷагӣ он аст, ки дар он ҷо расман эко-осорхонаи музофот қарор дорад. Сайёҳон дар ин ҷо огоҳ мешаванд, ки бретониёни қадим чӣ гуна мезистанд ва ифтихори ин маҳалла – сидрро чӣ тавр тайёр мекарданд! Дар ферма ба шумо натанҳо тарзи пухтани сидрро меомӯзонанд, инчунин нағз зиёфат ҳам медиҳанд.

Долина Лефкадия (Россия)

Таърихи эко-фермаи Долина Лефкадия соли 2007 сар шуд, вақте ки баъди эълони мубориза бар зидди майзадагӣ токзори бесоҳибмондаи ин ҷоро корманди молия аз Москва Михаил Иванович Николаев харид. Имрӯз дар Долина Лефкадия яке аз беҳтарин шаробҳои русро истеҳсол мекунанд, ниҳолхонаи худро доранд, ки навъҳои ба Россия овардаро парвариш мекунанд, коргоҳи шаробкашӣ ҳам доранд. Инчунин дар водӣ сабзавоти биринҷи органикӣ парвариш мекунанд, равғани лазизтарин, асал, панирҳо тайёр мекунанд, агар каме болотар бароед, шикоргоҳеро мебинед, ки дар ҷангали он дар ҳамсоягии одамон гургҳо, шағолҳо, хукҳои ваҳшӣ ва дигар набоботу ҳайвонот зиндагӣ мекунанд.

http://lefkadia.ru

Мақолаҳои марбут

“Якҷоя кор кардан осонтар аст!”: Ҳикояҳо дар бораи муваффақиятҳо...

Дар ҳолати коҳиши мунтазами захираҳои обӣ ва зарурияти  таъмини аҳолии афзоянда бо озуқаворӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва...

Муҳофизати биологии зироатҳо: Маҳлули бордосиро чӣ гуна бояд омода...

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Тоҷикӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=zxtOL-Zwj7w ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо усули тайёр кардан ва истифода бурдани моеъи бордоиро меомӯзед, аз тавсияҳои олимон...

Парвариш ва хушк кардани зардолу

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Лоиҳаҳои CANDY https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат шумо аз асрори устодони кор дар бораи нигоҳубини дурусти зардолу (буриш, пайванд, тарзи...

Чӣ тавр технологияҳои муосир равиши кишоварзиро дигар мекунанд

Сарфи назар аз ақидаҳои кӯҳнаву шахшуда, имрӯз кишоварзӣ оид ба суръати татбиқи технологияҳои пешқадам мавқеъи пешсафӣ дорад.Зиёда аз ин Россия яке аз иштирокчиёни фаъоли...

Компютер дар саҳро: чӣ тавр “заминдории дақиқ” бахши аграриро...

Бозори технологияҳои иттилоотии компютерӣ дар кишоварзӣ 360 млрд рубл арзёбӣ мешавад ва соли 2026 он ҳадди ақал панҷ маротиба зиёд мешавад. Барои чӣ ба...