Истифодаи нерӯи офтоб дар кишоварзӣ

Кишоварзӣ – соҳаи фаъолиятест, ки мӯҳлати худкифоияш тӯлонӣ аст, дараҷаи баланди хавфу хатар дорад, хеле заҳматталаб мебошад. Барои соҳибони фермаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёдашон дар деҳот боз як мушкилот меистад, ки душвории барқрасонӣ аст. Сабабҳои қатъи ногаҳонӣ ва дурударози барқ берун аз шаҳрҳо маъмулан норасоии тавоноии дар шабакаҳо, канда шудани симҳои барқ дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ мебошанд. Ҳамзамон хароҷоти хоҷагиҳо барои истифодаи барқ фавқулодда зиёд мебошанд.

Таҷрибаи ҷаҳонии истифодаи неруи офтоб дар кишоварзӣ

сельское хозяйство солнечная энергияДар амалияи муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ технологияи дукаратаи замин маъмул шуда истодааст – неругоҳҳои офтобӣ бевосита дар саҳроҳои хоҷагиҳои деҳқонии Япония, Италия, Франсия ва Олмон гузошта мешаванд. Пеш аз насби таҷҳизот таҳқиқгарон хусусиятҳои сояафканӣ ва хавфҳои онро ба рушди номутаносиби растанӣ ва андозаи ҳосил меомӯзанд. Сутунҳои панелҳои офтобӣ бе истифодаи бетон гузошта мешаванд ва дар сурати зарурат онҳоро ба осонӣ кандан мумкин аст. Технологияи истифодаи неруи офтоб дар соҳаи кишоварзии кишварҳои гарми ҷанубӣ (Кипр, Туркия, Юнон, Миср) махсусан мароқовар аст, зеро сояшавии кам ҳамзамон бо модернӣ кардани гидротехника бояд ба ҳаҷми ҳосил таъсири хуб расонад. Дар Россия ҳам намунаҳои татбиқи технологияҳои инноватсионии истифодаи неруи офтобро дар соҳаи кишоварзӣ ва гирифтани барқи арзонро дар хонаҳои шахсӣ дучор шудан мумкин аст. Таҷрибаи директори генералии «1C-Битрикс» Сергея Рыжиков дар Калининград, ки хонаи худро пурра бо неруи офтоб таъмин кардааст, ибратангез мебошад. Ӯ инчунин имконияти ҳисобкунаки дуҷонибаро истифода бурда, барқи зиёдатии худро ба шабакаи шаҳр интиқол медиҳад.

Таҷрибаи ҷаҳонии истифодаи неруи офтоб дар кишоварзӣ

фермы на солнечной энергииТехнологияҳои истифодаи неруи офтоб дарои комплекси агросаноатӣ доираи васеъи вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти кишоварзӣ ҳал мекунанд. Онҳоро дар ҳамаи бахшҳои ин соҳа истифода бурдан мумкин аст. Мавҷудияти ҳудудҳои холӣ ва майдони калони бому деворҳои хонаҳо ва биноҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки ҳарчӣ бештар барқи бепул гирифта ва захира карда шавад. Насби системаҳои аксбарқӣ (фотоэлектрӣ) барои истеҳсоли неруи барқ зарур аст, ки онро барои корбурди насосҳо, чӯпонҳои барқӣ дар чарогоҳҳо, занбӯрронҳо дар кандуҳо, кордҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ, инчунин таъмини манзил бо барқ истифода бурдан мумкин аст. Коллекторҳои ҳавоӣ нишондиҳандаҳои дамо ва намнокиро дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, барои гарм кардан ва шамолдиҳии биноҳо хизмат карда, барои зисти одамон, чорво шароити мусоид фароҳам меоваранд. Гармхонаҳо, ки бо гелиопанелҳо таҷҳизонида шудаанд, нафақат гармиро нигоҳ медоранд ва захира мекунанд, инчунин растаниҳоро бо микроиқлими мусоид таъмин менамоянд. Истифодаи ин таҷҳизот барои гармкунӣ ва шамолдиҳӣ, нигоҳ доштани параметрҳои фармудаи муҳит дар анборҳои ғаллаю сабзавот бе иштироки ходимон ҳам сурат мегирад ва ҳосил, бино ва техникаро дар ҳолати беҳтарин нигоҳ медорад.

Истифодаи неруи барқ дар соҳаи кишоварзӣ

Коллекторҳои офтобӣ ва системаи S-WALL-и истеҳсоли ширкати Solar Fox барои хонаҳои шахсӣ ва корхонаҳои саноатӣ гармӣ ва шамолдиҳии ҳар гуна биноро иҷро мекунанд. Насби ин таҷҳизот иҷозати мақомоти давлатии назоратро талаб намекунад; онҳо ба осонӣ ба системаҳои маҷудаи муҳандисӣ пайваст мешаванд ҳангоми зарурат бо ҳисобкунакҳо таъмин карда мешаванд. Ҳамаи корҳои истеҳсол ва насби гелиопанелҳо аз ҷониби кормандони ширкат, бе ҷалби ташкилотҳои пудратии ба хусусиятҳои ин кор ноошно сурат мегиранд. Коллекторҳои ҳавоӣ бо системаи муосири бехатарӣ, ки расиш ва даргириро пешгирӣ мекунанд, таъмин карда шудаанд. Системаҳои офтобии шамолдиҳӣ ва гармкунӣ камхарҷ буда, хароҷоти худро дар давраи аз 12 моҳ то се сол мепӯшонанд.

solarfox-energy.com

 

Мақолаҳои марбут

Парвариш ва хушк кардани зардолу

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Лоиҳаҳои CANDY https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат шумо аз асрори устодони кор дар бораи нигоҳубини дурусти зардолу (буриш, пайванд, тарзи...

10 технологияи олии кишоварзӣ

https://www.youtube.com/watch?v=3ZBmQIZ9ff8

Муҳофизати биологии зироатҳои кишоварзӣ: Чӣ тавр маҳлули оҳаку сулфур...

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Тоҷикӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=Cl-6vLWMmSA ШУМО ЧИРО МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо дар бораи тарзи тайёр кардани маҳлул – ҷӯшобаи оҳаку сулфурӣ (ИСО- известковый...

“Якҷоя кор кардан осонтар аст!”: Ҳикояҳо дар бораи муваффақиятҳо...

Дар ҳолати коҳиши мунтазами захираҳои обӣ ва зарурияти  таъмини аҳолии афзоянда бо озуқаворӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва...

Муҳофизати биологии зироатҳои кишоварзӣ: парвариш ва истифодаи габробракон

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=1UDsTknswZw&t=58s ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо аз технологияи истеҳсоли габробракон, асрори устодони ин кор оид ба нигоҳубин ҳангоми...