Чӣ тавр системаи мониторинги моҳвораии саҳроро самаранок ҷорӣ кунем

Мониторинги моҳвораӣ (спутникӣ) ба иҷрои вазифаҳои зиёде мадад мерасонад: донистани ҳолати киштзорҳо, муайян кардани сарҳади саҳроҳо ва майдони бонки замин, ба таври фаврӣ дахолат кардан дар ҳолати бад шудани ҳоли растаниҳо. Аммо чӣ гуна ҳамаи имкониятҳои ин технологияро пурра истифода бурдан мумкин аст? Инро дар мисоли EOS Crop Monitoring дида мебароем.


Системаи мониторинг — арзон ва барои ҷорӣ кардан осон аст.

Ҷорӣ кардани системаи мониторинги моҳвораӣ заҳматталаб нест. Ин система бо ҳар кадом браузер, дар ҳар нуқтаи ҷаҳон 24 соат дар шабонарӯз ва 7 рӯз дар ҳафта фаъол аст. Инчунин варианти кор ба воситаи API ҳам мавҷуд аст. Масалан, системаи мониторинги моҳвораии EOS Crop Monitoringимкон медиҳад, ки иттилоъ ба 1С ва дигар платформаҳои ERP фиристонида шавад, ки ҳамаи маълумотро оид ба бизнес ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлил мекунанд.

Имрӯз хизматҳое низ мавҷуд мебошанд, ки аксҳои моҳвораиро бепул дастрас мекунанд. Аммо бояд донист, ки сифати чунин аксҳо паст буда, коркарди иловагиро талаб мекунанд. Ин хароҷоти иловагӣ барои таҳлили маълумот ва тайёр кардани ҳисоботро мехоҳад. Бинобар ин шумо бояд ба хизматҳои пулакӣ рӯй оваред, ки маълумоти аллакай коркардшударо дар интерфейси мувофиқ пешкаш мекунанд.

Ҳангоми интихоби система ин ҷанбаҳо муҳим мебошанд: ҳал, даврияти аксгирӣ, арзиш. Чунин роҳи ҳал назар ба мониторинг ба воситаи дронҳо 5-10 маротиба арзонтар аст.

Мониторинги моҳвораӣ кадом муушкилотро нисбатан самарабахш ҳал карда метавонад?

Аксҳо аз моҳвора — манбаъи маълумоти фаврӣ дар бораи ҳолати киштзорҳо мебошанд. Ин маълумотҳо имкон медиҳанд, ки ҳатто хоҷагиҳои калонтарин , ки бонки заминашон даҳҳо ҳазор гектар аст, дар бораи ҳолати саҳроҳои худ маълумоти мубрамро дастрас кунанд. Ва дар сурати муайян шудани саҳроҳои мушкилдор зуд дахолат мекунанд.

Мониторинги моҳвораӣ мушоҳидаҳои саҳроиро иваз мекунад ва вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • муайян кардани сарҳади байни саҳроҳо ва майдони бонки замин;
  • баҳодиҳии истифодабарии ҳудудҳо;
  • фоизи заминҳои бекорхобида;
  • муайян кардани сохтори майдонҳои кишт;
  • муайян кардани динамикаи рушди массаи биологӣ;
  • муайян кардани фаврии қитъаҳои мушкилдор;
  • мониторинги шароити обу ҳаво;
  • идоракунии скаутинг.

Мониторинги моҳвораӣ қитъаҳои мушкилдорро ошкор мекунад, аммо на ҳамеша сабабҳои амиқро таҳлил карда метавонад. Бинобар ин барои муайян кардани сабабҳои аслӣ таҳқиқоти иловагӣ гузаронидан даркор аст: таҳлили агрохимиявии хок, бо чашм мушоҳида кардани ҳолат. Аммо мониторинги моҳвораӣ банақшагирии таҳқиқоти иловагиро осон ва самарабахш мегардонад.

Мониторинги ҳолати киштзор бо ёрии EOS Crop Monitoring

Интерфейси система барои истифодабарӣ мувофиқ ва осон аст.

Аз тарафи чап асбобҳои корӣ: масштабкунонӣ, харитаҳо (моҳвораӣ ва маъмулии ҷуғрофӣ бо нишон додани роҳҳо, дарёҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва ғайра). Дар ин ҷо модули ҷустуҷӯ низ ҳаст, ки бо ёрии он локатсияи муайянро пайдо намудан мумкин аст. Барои ҷустуҷӯ ё координатҳо ё номи маҳалли аҳолинишинро ворид кардан кофӣ аст.

Аз тарафи рост панели паҳлуии идоракунӣ мавҷуд аст. Ба воситаи он қисми асосии кор иҷро карда мешавад. Дар ин ҷо қитъаи даркорӣ, зироат интихоб карда мешавад ва баъд система маълумотҳои воқеиро ҷамъ мекунад. Дар версияҳои API маълумотро мувофиқи шохисҳо (индекс)-ҳои гуногун гирифтан мумкин аст: растаниҳо NDVI, муътадилии обҳо (NDWI), муътадилии паҳншавии барф (NDSI). Ба наздикӣ ин вазифа дар версияи web ҳам дастрас мешавад. Ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳанд, ки хушкшавӣ, ботлоқшавӣ ва шӯршавии ҳудудҳо муайян карда шавад. Дар ин ҷо оид ба омилҳои обу ҳаво низ маълумот гирифтан мумкин аст.

Яъне шумо қитъаи муайянро интихоб карда, дар графикҳо зироати парваришшаванда, обу ҳавои имрӯз:намнокӣ, абрнокӣ ва пешгӯиро барои чанд шабонарӯзи наздик дониста метавонед. Графикҳо кликпазиранд, яъне имкони мувофиқи солҳо муайян кардан мавҷуд аст.

Қитъаҳоро “нигаҳдорӣ” кардан мумкин аст, то ки баъдан онҳоро тез пайдо кунед ва аз онҳо маълумоти мубрам гиред ва дар натиҷаи таҳлили онҳо оид ба сатҳи парвариш, нашъунамоҳи зироат аз санаи додашуда иттилоъ ҳосил намоед. Шароити обу ҳаворо дида, вобастагии рушди растаниро аз сатҳи боришот ва дамо муайян кардан мумкин аст. Ин маълумотҳо дар як ҷадвал оварда шудаанд ва барои таҳлил мувофиқ мебошанд.

Агар қитъаи мушкилдор ошкор шавад, аксҳои пешинаашро дидан даркор. Ин имкон медиҳад, ки сабаби ҳолат муайян карда шавад. Мушкилоти рушди зироат аз кишти бадсифат, ё дар натиҷаи таъсири зараррасонҳо ё касалиҳост? Агар акси нисбатан пештарро гузошта, бинед, ки рушди қитъа хуб будааст, пас сабаб дар зараррасонҳо ва касалиҳо будааст. Ва ҳатман ҳалли фаврии мушкилот лозим аст.

Ҳамин тариқ шумо ҳамаи қитъаҳоро ба таври фаврӣ таҳлил карда метавонед.

Яке аз имкониятҳои система муқоиса кардан бо нишондиҳандаҳои ноҳия аст. Ин амал имкон медиҳад, ки рушди зироат дар қитъа бо рушди зироат дар қитъаҳои дигари ноҳия муқоиса карда шавад. Муфассал дар бораи кори модул аз ин ҷо маълумот гиред: Мониторинги моҳвораӣ ҳангомии баҳодиҳии маҷмуъии заминҳои кишоварзӣ.

Муайян кардани сохтори киштзорҳо

Модул ба таври автоматӣ харитаи зироатҳоро месозад, ба нашъунамои зироатҳо баҳо медиҳад, қитъаҳои коркарднашударо ҷудо мекунад.Ғайр аз ин акси мултиспектралӣ дар бораи хосиятҳои сатҳи боло (фурубарии нурҳои офтоб аз тарафи хлорофилл, намнокии хок ва растанӣ) маълумот медиҳад.

Ҳамаи маълумот визуалӣ карда мешаванд — шумо аксеро мегиед, ки дар он ноҳияҳои растаниҳои солим ва осебдида ё сохтори хоки қитъа нишон дода шудаанд.

Маълумоти таърихӣ чӣ фоида доранд? Онҳоро чӣ тавр ба даст овардан мумкин аст?

Амали аҷоиби дигари EOS Crop Monitoring — ин имкони донистани он аст, ки дар қитъаи муайян кадом зироатҳо солҳои пеш парвариш карда шуда буданд. Барои гирифтани ин маълумот ба саҳифаи даркорӣ дар панели вазифаҳо ворид шудан кофӣ аст, ки дар самти рост ҷойгир аст.

Ба ҳар зироат ранги муайян ҷудо карда шудааст. Шумо метавонед бинед, ки кадом сол дар қитъаи мавриди назаратон кадом зироат парвариш карда шудааст.

Ин маълумот метавонад ҳам барои фермерҳо, ҳам суғуртакунандагон, ё бонкҳо муфид бошад. Ин амал имкон медиҳад, ки омилҳои зиёдеро, ки ба ҳосил таъсир мерасонанд, бубинем: киштгардон, динамикаи рушди массаи биологӣ, минтақаҳои маҳсулнокии максималӣ ва минималӣ. Аз ин имкони система истифода бурда, қитъаҳоеро, ки дар онҳо сол то сол мушкилот пайдо мешавад, муайян кардан ва барои натиҷагирӣ ва ислоҳи рафтори баъдина хулоса баровардан мумкин аст.

Идоракунии хавфҳои обу ҳаво бо ёрии EOS Crop Monitoring

Мониторинги обу ҳаво имкон медиҳад, ки оид ба нишондодҳои метеорологӣ дар киштзор маълумот гирифта шавад. Ин маълумот банақшагирии корҳоро самарабахш мекунад. Маълумот оид ба миқдори боришот ва дамо вақти оғози корҳои саҳроиро аниқ муайян мекунанд.

Афзалияти муҳими системаи EOS Crop Monitoring — имкони идоракунии хавфҳои обу ҳаво мебошад. Амали платформа имкон медиҳад, ки огоҳиҳо дар бораи шароити бади обу ҳаво расонида шаванд: WinterKill — «индекси нобудшавии зироатҳои тирамоҳӣ», ки зимистонгузаронии зироатро нишон медиҳад; Coldstress — ба рӯзҳое ишора мекунад, ки дамои ҳаво барои зироат хатарнок буд, Heatstress — ба ҳарорати баланд ишора мекунад. Муфассал дар бораи нишондиҳандаҳои обу ҳаво аз ин ҷо маълумот гиред: Мониторинги моҳвораӣ ҳангомии баҳодиҳии маҷмуъии заминҳои кишоварзӣ.

Скаутингро чӣ тавр идора бояд кард?

Системаҳои муосири мониторинги моҳвораӣ ба идоракунии скаутинг имкон медиҳанд. Crop Monitoring — низ истисно нест. Дар платформа имкони вазифа додани скаут, бор кардани ҳисобот оид ба вазифаҳои пӯшидаи скаутҳо мавҷуд аст.

Дар ҳисоботҳо ҳолати зироатҳо дар қитъаҳои мушкилотдор, шарҳи скаут, аксҳо, маълумоти иловагӣ ҷой дода мешаванд. Агар қитъаҳои мушкилотдор ошкор шуда бошанд, ин кор зарур аст. Он вақт скаут ба саҳро меравад, то атрофро аз назар гузаронад, мушкилотро ба ҳисоб гирад ва аксҳои тасдиқкунундаро ба система ворид намояд. Координатҳоро бо ҳисобкунакҳои гуногуни GPS осон фиристонидан мумкин аст.

Системаҳои мониторинги моҳвораӣ ба истифодабаранда як қатор афзалиятҳо пешниҳод мекунанд: мониторинги фаврии ҳолати растаниҳо, коркарди автоматии маълумотҳо, ки омили инсониро истисно менамоянд. Зиёда аз ин, ин платформаҳо имкон медиҳанд, ки бо истифодаи маълумотҳои таърихӣ қитъаҳо ба таври ҷудогона таҳлил, хусусиятҳои зироатҳои муайяни кишоварзӣ пайгирӣ, имкониятҳои минтақаҳои гуногун муқоиса карда шаванд.

https://aggeek.net

Мақолаҳои марбут

Парвариш ва хушк кардани зардолу

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Лоиҳаҳои CANDY https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат шумо аз асрори устодони кор дар бораи нигоҳубини дурусти зардолу (буриш, пайванд, тарзи...

10 технологияи олии кишоварзӣ

https://www.youtube.com/watch?v=3ZBmQIZ9ff8

Муҳофизати биологии зироатҳои кишоварзӣ: Чӣ тавр маҳлули оҳаку сулфур...

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Тоҷикӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=Cl-6vLWMmSA ШУМО ЧИРО МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо дар бораи тарзи тайёр кардани маҳлул – ҷӯшобаи оҳаку сулфурӣ (ИСО- известковый...

“Якҷоя кор кардан осонтар аст!”: Ҳикояҳо дар бораи муваффақиятҳо...

Дар ҳолати коҳиши мунтазами захираҳои обӣ ва зарурияти  таъмини аҳолии афзоянда бо озуқаворӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва...

Муҳофизати биологии зироатҳои кишоварзӣ: парвариш ва истифодаи габробракон

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=1UDsTknswZw&t=58s ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо аз технологияи истеҳсоли габробракон, асрори устодони ин кор оид ба нигоҳубин ҳангоми...