Чӣ тавр технологияҳои муосир равиши кишоварзиро дигар мекунанд

Сарфи назар аз ақидаҳои кӯҳнаву шахшуда, имрӯз кишоварзӣ оид ба суръати татбиқи технологияҳои пешқадам мавқеъи пешсафӣ дорад.Зиёда аз ин Россия яке аз иштирокчиёни фаъоли ин раванд мебошад. Поёнтар дар бораи он суҳбат мекунем, ки чи тавр фермерони муосир белу каландро партофта, ба даст смартфону планшет гирифтаанд.

Дронҳо

Дроны

Вазифаи назаррастарини истифодаи квадрокоптерҳо дар комплекси агросаноатӣ – мониторинги ҳолати киштзорҳо мебошад. Сухан дар бораи пайгирии мавқеъи кормандон ва техникаи корӣ, муҳофизат аз даромадани ҳайвонҳои зараровар, таҳияи харитаҳои навшавандаи дақиқи чарогоҳҳо ва пешгӯйии ҳаҷми ҳосил дар ин ё он ҳудуд меравад. Дронҳо дар ИМА ҳатто барои ниҳолпарварӣ дар ҷангалҳо истифода бурда мешаванд – дастгоҳи парвозкунанда дар болои ҷои пешакӣ муайянкарда местад ва ба хок тухмиҳоро бо чунон суръате мепарронад, ки дар чуқурии даркорӣ ҷой мегиранд.

Ба иҷрои ҳамаи ин корҳо технологияҳои аллакай мавҷуда қодир мебошанд, қадами навбатӣ: бо рушди тавоноӣ ва дурпарвозии ин дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, инчунин зиёд кардани ҳаҷми аккумуляторҳои онҳо, имконият пайдо мешавад, ки дар танаи дронҳо таҷҳизоти иловагӣ пайваст карда шаванд:

  • Камераҳои нисбатан комилтар имкон медиҳанд, ки дар реҷаи автоматӣ навору аксбардории ҳавоӣ бо таҳлили мавҷудияти азот, нам, обзеркунӣ ва ботлоқшавии хок анҷом дода шавад – пештар барои иҷрои ин кор ба ширкатҳои дигар, ки аксбардориро ба воситаи моҳвора ё авиатсияи хурди хусусӣ иҷро мекарданд, муроҷиат кардан лозим мешуд.

Дроны

Батареяҳои нав ҳаҷми борбардории ҳатто квадрокоптерҳои хурдро ба сатҳи наве мебардоранд, ки фермерҳоро ҳоҷати харидории техника ва ҷалби кормандони нави бисёр аз байн меравад. Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки истифодаи дронҳо арзиши киштро 85% кам мекунад. Сарфаи вақт ҳам муҳим аст: девайси мукаммал ва зудамал дар як соат метавонад ба масоҳати 10 километри мураббаъ тухмӣ пошад, ки одам ин корро дар як рӯз иҷро мекунад. Ғайр аз ин ҳаҷми калони аккумуляторҳо ба дурпарвозӣ имкон медиҳад ва дронҳо метавонанд то чарогоҳҳои дурдаст парвоз карда, чарои чорворо назорат кунанд ва молҳои аз рама ҷудошударо пайдо намоянд.

Табиист, ки мисли ҳар технологияи дигар дронҳо низ бе камбудӣ нестанд – пеш аз ҳама гарон будани арзиши онҳо ва осебпазирияшон аз шароити обу ҳаво ва натавонистани ҷамъоварӣ ва коркарди мева аз ҷониби онҳо мебошад. Аммо дар ояндаи наздик коптер барои кишоварзӣ мисли трактор ва култиватор як дастёри зарурӣ хоҳад шуд. Алҳол дар Россия дронҳо танҳо дар 2-3%-и киштзорҳо истифода мешаванд, аммо бо дарназардошти миқдори умумии КАС ин шумора зиёд менамояд.

Муҳандисии генӣ

Генная инженерия

Баҳсҳо оид ба мувофиқи мақсад будани дахолат ба рамзи генетикии зироат ва чорвои соҳаи кишоварзӣ солҳои дароз идома доранд. Ҳарчӣ набошад, имрӯз воситаҳои дигари парвариши растаниҳои ба вирусҳо тобовар вуҷуд надоранд. Тағйири генотип метавонад мушкилоти натанҳо вирусҳо, инчунин зараррасонҳои нисбатан хатарнок – ҳашаротро низ ҳал кунад. Масалан, олимони Белгия ва ИМА ба ҳуҷайраи картошка гени бактерияи хокро ҳамроҳ карданд, ки ба туфайли он картошка инсектитсидҳои пайдоишашон бактериалиро синтез кард ва ба ҳуҷуми ганбӯски колорадоӣ устувор шуд; ин амалро дар пахта ҳам карданд ва хатари кирми ғӯза бартараф шуд.

Роботҳо

Роботы

Истифодаи кори инсон дар корхонаҳои кишоварзӣ дигар фоидаовар нест, дар ин индустрия кайҳо синфҳо, категорияҳо, зеркатегорияҳои мошинҳои роботикунонида ташаккул ёфтаанд. Роботҳо барои истифодабарӣ дар комплекси агросаноатӣ ба синфи “роботҳои саҳроӣ” дохил мешаванд, ки дар навбати худ ба категорияи роботҳои хизматрасон тааллуқ доранд. Ин категория ба зеркатегорияҳои  маҳдудсоҳа, ба мисли системаҳои ширдӯшӣ, агророботҳо, роботҳои заминкоркунӣ ва ғайра тақсим мешавад. Имрӯз миқдори фермаҳои россиягӣ, ки системаҳои автоматикунонидаи хоҷагидориро истифода мебаранд, агар садҳо набошанд ҳам даҳҳо адад ҳастанд ва ин шумора бемайлон рӯ ба афзоиш мебошад. Дар категорияи роботҳо барои кишоварзӣ бештар роботҳои ширдӯшӣ ва тракторҳои автономӣ маъмул гаштаанд. Ҳар яке аз ин зеркатегорияҳоро муфассалан баррасӣ мекунем.
Роботы

Системаҳои ширдӯшӣ  ширдӯшӣ аллакай чандин сол аз ҷиҳати миқдор аз категорияҳои дигари роботҳои саҳроӣ пеш гузаштаанд ва дар вақтҳои наздик ин анъана нигоҳ дошта мешавад. Аксарияти системаҳои мавҷудаи имрӯза бо принсипи ”ихтиёрӣ”-и ширдӯшӣ амал мекунанд, яъне, гов худ дар вақти зарурӣ ба назди робот меояд. Маҳсулнокии як адад чунин робот дар як рӯз 1500-2000 литр аз 75 модагов мебошад. Арзиши таҷҳизот барои автоматикунонии фермаи дорои 120-140 сар гов то 150 млн рубл, ҷамъ 150-250 ҳазор рубл барои хароҷоти хизматрасонии як таҷҳизотро ташкил медиҳад.

Роботы

Тракторҳои роботӣ  шаклу андозаҳои гуногун доранд, онҳоро мувофиқи вазифаҳояшон тасниф мекунанд:

  • Мошинҳои бекабина. Онҳо ба туфайли надоштани ҷои нишасти ронанда арзиши камтар доранд. Идоракунии онҳо дар реҷаи фосилавӣ сурат мегирад.
  • Тракторҳои пурра ё қисман автономӣ. Дар ин сурат иштироки одам умуман зарур нест, аммо бештар тракторҳои нимавтоматӣ маъмул гаштаанд – чунин тракторҳоро ронанда бо усули маъмулӣ то саҳро мебарад, баъд аз кабина мефурояд ва трактор мустақилона ба корҳои худ машғул мешавад. Варианти дигари истифодаи тракторҳои қисман автономӣ кор бо усули “одам-робот” аст: яъне, ронанда як тракторро дастӣ идора мекунад ва ҳамзамон трактори дигар ба таври паралелӣ ҳаракатҳои трактори пешравро такрор мекунад.

Роботы

  • Маҷмӯъҳо барои насби системаҳои худронандагӣ (автопилотӣ). Яқинан шумо дар бораи стартапҳое, ки таҷҳизот барои автомобили муқаррариро ба бесарнишин табдил додан баровардаанд, шунидаед. Оид ба тракторҳо низ ҳамааш амалан чунин аст, брендҳои машҳури таҷрибадор дар бозори ҷаҳонӣ ба ин кор машғул мебошанд.

5G

5G

Аммо на дронҳо, на нишондиҳандаҳои доно, на тракторҳои автономӣ бе алоқаи баландсуръати мобилӣ вуҷуд дошта наетавонанд. Афзалияти асосии шабакаҳои насли панҷум таъхири минималӣ аст ва агар истифодабарандагони оддӣ татбиқи оммавии 5G-ро барои суръати баландаш интизор бошанд, бизнес-мизоҷон ин технологияро пеш аз ҳама ба хотири имконияти татбиқи IT, нақлиёти бесарнишин ва идоракунии роҳати фосилавии техникаи дурдаст мехоҳанд.

Ҳамаи ин консепсияҳо ба кишоварзии муосир хеле мувофиқ мебошанд, махсусан Интернети Ашёҳо – имрӯз дар корхонаҳои аграрӣ ҳазорон намуди нишондиҳандаҳо истифода бурда мешаванд, ки синни чорво, таркиби хок, мавҷудияти касалии растаниҳо, ҷойгиршавии чорво дар ферма, ҳолати маҳсулот дар анборҳо, сатҳи пухтарасии зироат барои ҷамъоварӣ, наздикшавии боришот ва ғайраро пайгирӣ мекунанд. Мувофиқи пешгӯйии шӯъбаи таҳлилии нашрияи Business Insider, миқдори нишондиҳандаҳои доно дар комплекси агросаноатии ҷаҳон аз 30 миллиони соли 2015 соли 2020 ба 75 млн мерасад.

5G

Афсӯс, ки айни замон барои мониторинги ҳолати хоҷагиҳо фермерҳо системаҳои проприетарии доираи фарогирияшон маҳдудро истифода мебаранд. Бинобар набудани шабакаҳои 5G (ё дигар технологияи алтернативии алоқаи баландсуръати бесим) таъминкунандагони чунин системаҳо талаботи рӯзафзунро сари вақт қонеъ карда наметавонанд ва на ҳамеша ба сифати маҳсулот аҳамият медиҳанд, қасдан имкониятҳои хизмати таҷҳизоти худро маҳдуд мекунанд. Аммо агар таъхирҳои шабакаҳои ҳозираи шабакаҳои мобилиро сарфи назар кунем ҳам, аксарияти мутлақи фермаҳо берун аз марказҳои калони аҳолинишин, берун аз доираи паҳншавии LTE қарор доранд – ин вазъиятро дар ҳама ҷо сохтани пойгоҳҳои заминавии 5G ислоҳ хоҳад кард, тавре ба мо опреаторони шабакавӣ ваъда медиҳанд.

Интеллекти сунъӣ

Искусственный интеллект

Дар хоҷагии деҳоти муосир интеллекти сунъӣ аз смартфонҳо ва компютерҳо камтар во намехӯрад. Дар навбати якум он барои таҳлили намуди берунии растаниҳо истифода бурда мешавад: интеллекти сунъӣ бо ёрии ҳазорон аксҳои гирифта сари вақт муайян кардани тақдири ҳосили ояндаро меомӯзад, зимнан ин ҳам ба микроаксҳо барои ташхиси дақиқтар, ҳам барои аксҳои миқёси калони аз моҳвораҳо ва дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин барои муайян кардани паҳншавии касалиҳо ва ҳашароти зараррасон гирифта, дар ҳолате ки “сироят” пешгирӣ карда нашудааст, дахл дорад. Кейсҳои дигари истифодаи ИС дар кишоварзӣ ҳоло зиёд паҳн нашудаанд, инҳо: идоракунии нақлиёт, таҳияи ҷадвалҳои обдиҳии автоматии хок ва пошидани нуриҳо, мониторинги саломатии чорво мебошанд.

Хулоса

Итог

Хулоса Ҳамаи технологияҳои дар боло тавсифшуда барои КАС нисбатан нав мебошанд, бо фарқ аз кишоварзии анъанавӣ мо алҳол таҷрибаи ҳатто чанд даҳсола надорем, аммо имрӯз гуфтан мумкин аст, ки ҳаракати фермерӣ аз заҳмати вазнини ҷисмонии камфоида чанд сол боз устуворона ба самти даст кашидан аз омили инсонӣ қадам мениҳад. Аммо дар ин ҳолат мақоли “танбалӣ-муҳаррики пешравӣ” ҷоиз нест. Ин як амри муқаррарӣ мебошад: мувофиқи пешбинии СММ соли 2050 аҳолии Замин ба 10 млрд одам мерасад, ки аз 2/3 ҳиссаашон дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ хоҳанд кард, яъне ин 10 миллиардро илоҷе карда, хӯрондан лозим аст, аммо ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ одамони камтар машғул хоҳанд шуд – маҳз барои ҳамин имрӯз барои арзон кардан, автоматӣ кунондан ва баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзӣ маблағҳои калон гузошта мешаванд.

computerra.ru

Мақолаҳои марбут

Парвариш ва хушк кардани зардолу

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Лоиҳаҳои CANDY https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI https://www.youtube.com/watch?v=F-VKDf8BNTI ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат шумо аз асрори устодони кор дар бораи нигоҳубини дурусти зардолу (буриш, пайванд, тарзи...

Муҳофизати биологии зироатҳои кишоварзӣ: Чӣ тавр маҳлули оҳаку сулфур...

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Тоҷикӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=Cl-6vLWMmSA ШУМО ЧИРО МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо дар бораи тарзи тайёр кардани маҳлул – ҷӯшобаи оҳаку сулфурӣ (ИСО- известковый...

10 технологияи олии кишоварзӣ

https://www.youtube.com/watch?v=3ZBmQIZ9ff8

“Якҷоя кор кардан осонтар аст!”: Ҳикояҳо дар бораи муваффақиятҳо...

Дар ҳолати коҳиши мунтазами захираҳои обӣ ва зарурияти  таъмини аҳолии афзоянда бо озуқаворӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва...

Муҳофизати биологии зироатҳои кишоварзӣ: парвариш ва истифодаи габробракон

Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ Забон Муаллиф Парвариши зироатҳои кишоварзӣ Русӣ Нексигол Мушовир https://www.youtube.com/watch?v=1UDsTknswZw&t=58s ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД __________ Дар ин дарси маҳорат Шумо аз технологияи истеҳсоли габробракон, асрори устодони ин кор оид ба нигоҳубин ҳангоми...