Вақте ки инсони маъмулӣ помидор тановул мекунад, ӯ на ҳамеша фикр мекунад, ки кӣ онро парвариш кардааст ва дар хоки гармхонае, ки парвариш ёфтааст, чӣ қадар азот будааст. Мо фикр намекунем, ки соли 2050 барои таъмини инсоният бо ғизо назар ба имрӯз 70% бештар ҳосил даркор мешавад. Ҳамзамон иқлими сайёраи мо доиман бад мешавад, ва заминҳои барои кишоварзӣ мувофиқ торафт кам мегарданд. Аммо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хуб медонанд, ки имрӯз барои истеҳсолот чӣ қадар қувва сарф мешавад ва фаъолона ба хатарҳои глобалӣ омодагӣ мебинанд.
Фермер зидди дигаргунӣ нест
Истеҳсолкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ соли аввал нест мушоҳида мекунанд, ки чӣ тавр технологияҳои ин соҳа хеле зуд тарққӣ мекунанд. Имрӯз барои рушди онҳо маблағҳои калоне харҷ мешаванд: дар панҷ соли охир ҳаҷми маблағгузории ҷаҳонӣ ба AgTech 10 маротиба афзуда, $6,7 млрд-ро ташкил дод ва танҳо дар соли 2018 — $1,9 млрд буд. Рушди маблағгузориҳо аз талаботи хеле афзоянда ба технологияҳои нав вобаста аст, ки суръат ва самаранокии бизнесро баланд мебардоранд, дар ҳоле ки имконияти рушди экстенсивӣ кайҳо ба охир расидааст.
Инак, дар тамоми ҷаҳон худи сохтори пешбурди хоҷагиҳои фермерӣ иваз шуда истодааст. Ба бозори аграрӣ лоиҳаҳои принсипан нав, ба мисли полимери абарҷаббиши ба андозаи намак, ки моеъи аз вазни худаш 250 маротиба зиёдро ҷаббида метавонад ва имкон медиҳад, ки ҳосил баланд гардаду хароҷоти обдиҳӣ кам шавад. Имрӯз, масалан, касеро бо гармхонаҳои вертикалӣ ба ҳайрат овардан наметавонӣ. Қобили зикр аст, ки маҳз дар ҳамин сегмент — сити-фермерӣ — стартапҳои россиягӣ худро нишон медиҳанд: дар Россия ширкатҳои наве ҳастанд, ки бо истифодаи технологияҳои инноватсионии автономӣ дар худи шаҳр сабзавот, меваҳои буттагӣ, кабудӣ парвариш мекунанд. Ҷолиб он аст, ки бо тасдиқи худи асосгузоронашон, ин лоиҳаҳои хурд аллакай аз тамоми ҷаҳон барои хариди модулҳои фермаҳои автоматии вертикалӣ фармоиш гирифтаанд.
Аммо истеъмолкунандагони техникаи инноватсионӣ набояд фирефта шаванд: ҳеҷ кишоварзе аз онҳо шартномаи таъминотро “илтимос” намекунад. Мошинсозон мисли пештара бояд мизоҷонро на танҳо ба зарурат, инчунин ба самарабахшии роҳи ҳал ё молашон бовар кунонанд. Барои ин шабакаҳои диструбсия ва маркетингро бояд рушд диҳанд. Чунин хароҷотро маблағҳои стартапҳои дорои технологияҳои баланд намебардоранд, аз уҳдаи ин кор танҳо бозигарони азими бозор мебароянд. Пешгӯӣ кардани талаботии воқеъӣ ба ин ё он роҳи ҳалли инноватсионӣ хеле мураккаб аст, махсусан, вақте ки дар бозор махзани ягонаи иттилоотӣ мавҷуд нест — танҳо таҳқиқоти ҷудогона ва баҳодиҳии коршиносон амал мекунанд, ки истеҳсолкунандагони техника ба онҳо такя мекунанд.
Трактори доно ба ҳатӯлкорӣ ва дуздӣ имкон намедиҳад
Мо дар бораи муҳимтарин самт ва тренд — заминдории дақиқ, ё координатӣ (Precision Farming) сухан меронем, ки таҷассумгари системаи идоракунии маҳсулнокии агробизнес дар асоси технологияҳои моҳвораӣ ва IT мебошад. Тӯли ҳазорсолаҳо одамон шудгор мекарданд, мекориданд, хокро «бо як дид» ғизо медоданд, аммо имрӯз фермерҳо метавонанд миқдори тухмиҳо, нуриҳо ва дигар воситаҳои аграриро барои ҳар қитъаи замин бо дақиқияти то 2,5 сантиметр муайян кунанд. Мувофиқи баҳодиҳии Goldman Sachs, истифодаи технологияҳои насли нав метавонад маҳсулнокии кишоварзии ҷаҳонро соли 2050 70% зиёд кунад.
Асосии кишоварзии дақиқ мошинҳои «доно» мебошанд, ки амалан бо мағзи заковати пешқадам амалан бе сарнишин кор мекунанд. Ба туфайли ҳаҷми худ трактори муосир контроллерҳо, модули идоракунӣ, микросхемаҳо, нишондиҳандаҳо ва дигар таҷҳизотро мегунҷонад, ки масалан, ба он имконият медиҳанд, ки мустақилона ноқили ҳаракатро танзим кунад ё шикасту рехтро ташхис диҳад ва дар ин бора ба маркази хизматрасонӣ хабар расонад. Дар оянда оянда мошинҳои автономӣ метавонанд бе ягон ёрии оператор худ дар саҳро тухмӣ пошанд, ё кӯчат шинонанд. Консепти трактори автономӣ ҳанӯз соли 2016, пайдо шуд ва ҳоло ин мошинҳо фаъолона дар намудҳои гуногуни хок ва шароити гуногуни обу ҳаво озмоиш мешаванд.
Талабот ба техникаи “доно”-и кишоварзӣ зиёд мешавад, афзалияти он намоёнтар мешавад, аз ҷумла барои хоҷагиҳои Россия. Аз байни ин афзалиятҳо метавон маҳорати ин техникаро оид ба нимкора намондани замини коркардшаванда зикр намуд, агар чунин шавад, трактор заминро такроран коркард мекунад. Трактори бо системаи заминдории дақиқ ҷиҳозонидашуда сӯзишворию равғанҳои молиданиро хеле сарфа мекунад. Хароҷоти истеҳсолӣ ҳам кам мегарданд: тухмӣ, химикат ва нуриҳо камтар истифода бурда мешаванд.
news.myseldon.com