Занҷираи ҲАИ-и кишоварзӣ | Забон | Муаллиф |
---|---|---|
Парвариши зироатҳои кишоварзӣ | Русӣ | Нексигол Мушовир |
ШУМО ЧӢ МЕОМӮЗЕД
__________
Дар ин дарси маҳорат Шумо аз технологияи истеҳсоли габробракон, асрори устодони ин кор оид ба нигоҳубин ҳангоми парвариш, мӯҳлат ва меъёрҳои истифодаи габробракон барои муҳофизати пахта ва сабзавот огоҳ мешавед.
КӢ ДАРСИ МАҲОРАТ МЕГУЗАРОНАД
__________
Муртазоқул Ҳусейнов – агроном-энтомологи лабораторияи хусусӣ дар ноҳияи Спитамен, деҳаи Лангар, ки беш аз 20 сол ба истеҳсоли габробракон ва дигар энтомофагҳо машғул аст.
Дарси маҳорат бо дастгирии ширкати Нексигол Мушовир, тайёр карда шудааст, ки доираи васеъи хизматҳои машваратӣ, тренингӣ ва таҳқиқотиро барои бахши кишоварзӣ: аз барномаҳои рушди имкониятҳо ва маводи таълимӣ то газаронидани тренингҳоро барои дастурдеҳон, ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунанди об ва технологияҳои ИКТ-ро пешниҳод мекунад.
Агар саволе доред, ба ин суроға нависед mushovir@neksigol.tj.
ФАКТҲОИ МУҲИМ
__________
- Меъёрҳои сарфи габробракон аз зироатҳо вобастаанд ва 200–500 адад/га-ро ташкил медиҳанд
- Габробраконҳои калонро ба дарозии майдон баробар дастӣ сар медиҳанд
- Габробраконро барои муҳофизат аз кирмҳои пахта, зироатҳои тирамоҳӣ, карам ва ғайраҳо истифода мебаранд; шапаракҳои танаи ҷуворимакка ва дигар шапаракҳо; баргпечонҳои ангур
ДАРСИ МАҲОРАТ БАРОИ ШУМОСТ, АГАР
__________
![]() |
![]() |
![]() |
Шумо истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ бошед | Ба муҳити атроф ғамхорӣ мекунед | Тавсияҳои амалӣ заруранд |
Ба захираҳои табиӣ зарар нарасонда, чӣ тавр муҳофизат кардани ҳосилро аз зараррасонҳо меомӯзед | Кадом хокро мо ба фарзандонамон мерос мегузорем ва кадом обро менӯшем – аз саҳми мо дар муҳофизати муҳити зист вобаста аст | Дар бораи нозукиҳои муҳофизати биологии растаниҳо суҳбат мекунем |