Мо кистем?
Green Agro – ин платформа барои мубодилаи донишҳо оид ба кишварзии сабз аст.
Мо дар бораи ҳар чӣ, ки ба истифодабарии самарабахши захираҳои табиӣ мусоидат мекунад, мегӯем, ба саволҳои мушкил оид ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҷавоби осон медиҳем ва ба муштариён дар ҳалли мушкилоти агробизнес мадад мерасонем.
Мо кишоварзии “сабз”-ро чӣ хел мефаҳмем?
Мафҳуми кишоварзии «сабз» он кишоварзиеро дар назар дорад, ки аз ҳисоби истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин баргардонидани маҳсулоти истифодаи ниҳоӣ ба беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, кишоварзии “сабз” ба истифодабарии сарфакорона, эҳтиёткорона ва самарабахши захираҳои табиӣ равона гардидааст.