Хизматрасониҳои мо

Мо чунин хизматрасониҳои пулакӣ пешниҳод мекунем:

  • Ҷойгир кардани маълумот дар бораи ширкати Шумо ва тухмиҳо, воситаҳои ҳифзи растанӣ, нуриҳои мефурӯхтаатон дар барномаҳои мобилӣ дар асоси обунаи солона. Арзиши ҷойгир кардани маълумот
    • дар як барномаи мобилӣ 50 USD / сол
    • дар 2–4 барномаҳои мобилӣ 150 USD / сол
    • дар 5–6 барномаҳои мобилӣ 200 USD / сол
  • Ҷойгир кардани рекламаи хусусии Шумо дар барномаҳои мобилӣ ба шакли расм, ки пеши назари истифодабаранда ҳангоми кор дар барнома пайдо мешавад, 10 USD / моҳ.
  • Ҷойгир кардани реклама дар воситаҳои технологияи иттилоотии AgroSpace, 10 USD / моҳ.

Барои бастани шартномаи пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ Шумо бояд ба яке аз офисҳои шарикон, ки дар бахши «Робитаҳо» мавҷуданд, муроҷиат кунед.

Мо чунин хизматрасониҳои ройгон (бепул) пешниҳод мекунем:

  • Ҷойгиронии эълонҳо дар майдончаи эълонҳои хариду фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳои кишоварзӣ
  • Илова кардани маводи таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ ва ғайра ба китобхонаи электронӣ
  • Боргирии маводҳои таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ ва ғайра аз китобхонаи электронӣ
  • Боргирии ҳамаи баномаҳои мобилӣ ва истифодабарии онҳо;
  • Истифодаи харитаи электронӣ барои қабули қарорҳои судманд ва самарабахш
  • Тамошои маводҳои видеоии таълимӣ оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони обуна ба шабакаи YouTube барои гирифтани маълумот дар бораи ҷойгир шудани маводи нав
  • Азназаргузаронии нархҳои чаканаи бозории маҳсулоти кишоварзӣ бо имкони боргирии маълумот дар доираи муайяни замон дар бозори мушаххас дар шакли файли Excel
  • Истифодаи ҳисобкунак барои ҳисоб кардани миқдори зарурии тухмӣ, нурӣ ва об барои истеҳсоли зироати мушаххас дар қитъаи муайяни замин.